Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

НАҚШИ ШОХИСИ ИҚТИБОСОВАРИИ ИЛМИИ РОССИЯ ВА ШОХИСИ ИЛМ (SCIENCE INDEX) ДАР ТАҲЛИЛ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

    Дар ҳошияи ҳидоятҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баҳри рушди илми соҳавӣ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли рушди илми кишоварзӣ ва технологияи инноватсионӣ”, дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо доир шуданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Инчунин дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, рӯз ба рӯз меафзояд”.
    Рӯзи 17 январи соли 2025 дар Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари таълимию амалӣ дар мавзуъи «Нақши Индекси (шохиси) иқтибосоварии илмии Россия (РИНС) ва Индекси илм (Science Index) дар таҳлил ва арзёбии фаъолияти илмӣ» баргузор гардид, ки дар он 21 нафар намояндагон аз Институтҳо ва Марказҳои илмии зертобеъи Академия  иштирок доштанд.
     Кори семинари омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ, ноиби президенти АИКТ Амиршозода Ф.С. оғоз намуда, ба кори семинар муваффақият хонд.

    Ба ҳайси модератор  – Турсунзода Рустам Абдусамад, мушовири Президенти АИКТ баромад карда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадафи баргузории семинари мазкур – омӯзиши мутахассисони муассисаҳои илмию таълимӣ бо имкониятҳои махзани Индекси (шохиси) иқтибосоварии илмии Россия (РИНС), Индекси илм (Science Index) ва Scopus дар таҳлил ва арзёбии фаъолияти илмӣ, инчунин нақши онҳо баҳри баланд бардоштани фаъолияти интишорӣ ё нашрии муаллифон ва муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар оғози семинар, қабл аз баррасии мавзуҳои ҷамъомад дар байни иштирокчиён пре-тест бо мақсади муайян намудани маълумотнокии онҳо ба масъалаҳои баррасишаванда гузаронида шуд, ки он интизории иштирокчиёнро аз семинари имрӯза ифода мекунад.

    Дар рафти семинар устод Рустам Турсунзода бо усули саволу ҷавоб ҷиҳати ҷалбкунии амиқи иштирокчиён суҳбати озодро ба роҳ монда, тамоми масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳар як иштирокчӣ буд, ба таври муфассал фаҳмонида, дар сомонаҳои махзанҳои Китобхонаи илмии электронӣ, eLIBRARY.RU, РИНЦ, Science Index, Scopus қадам ба қадам тарзи воридшавӣ, бақайдгирӣ ва истифодаи имкониятҳои хизматрасониҳо ва воситаҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои фаъолияти интишории (нашрии) муаллифон ва муассисаҳои илмӣ (индекси Хирш, импакт-фактор, SPIN-код, ORCID ва ғайра) ба таври содаю фаҳмо нишон дод.
Дар кори семинар Ҷилва Шоназар, Ҷаҳонгир Маърупов, Шамсулло Муродов, Абдусаид Раҳимов, Шуҳрат Разоқов, Озодабегим Давлатова, Ислом Искандаров ва дигарон иштироки фаъол намуданд.
Ҳамзамон дар интиҳои семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён вақт барои изҳори андешаҳо нисбати рафти семинар, маҳорати касбии модератор ва таманниёти худ, инчунин пур кардани саволҳои пост-тест ҷиҳати муайян намудани сатҳи азхуднамоии мавзуъҳои семинар гузаронида шуд.

    Дар қисмати “Пешниҳоди Шумо” иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ минбаъд ҳам баргузор карда шаванд. Инчунин ибрози андеша намуданд, ки донишҳои азхудкардаро дар фаъолияти илмии худ ба кор мебаранд.
Scroll to Top