Санаи 9 апрели соли 2025, дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ, дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон марҳилаи имтиҳони қабул ба зинаи аспирантура аз фанни “Фалсафаи илм” бо иштироки аъзои комиссияи махсус таъсисёфта таҳти роҳбарии президенти Академия, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло расман оғоз ёфт.
Дар остонаи оғози ин раванд, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Салимзода А.Ф., ба довталабон дар бораи масъулияти баланди илмӣ ва маънавии аспирант ҳамчун муҳаққиқи оянда, зарурати риояи меъёрҳои олии тадқиқоти илмӣ ва аҳамияти пешбурди фаъолияти эҷодии тадқиқотӣ маълумот пешниҳод намуд. Дар идома, ӯ ба довталабон барои муваффақона ва бо натиҷаҳои шоиста супоридани имтиҳони мазкур изҳори умедворӣ ва таманнои комёбӣ кард.
