Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

РӮЗИ САҲРОӢ дар мазуи «ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ КАРТОШКА ВА ЧОРАҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОН АЗ КАСАЛИЮ ЗАРАРРАСОНҲО»

РӮЗИ САҲРОӢ дар мазуи «ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ КАРТОШКА ВА ЧОРАҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОН АЗ КАСАЛИЮ ЗАРАРРАСОНҲО»
Санаи 03 августи соли 2024 дар пойгоҳи Лахши Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар ноҳияи Лахш рӯзи саҳроии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори рӯзи саҳроӣ Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи АИКТ муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Киромиддин, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ номзади илмҳои кишоварзӣ Кароматов Шарофидин Шарифович, сардори раёсати кишоварзии ноҳия Лахш, намояндаи Раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, хоҷагидорону кишоварзони картошкапарвар ва олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ва инчунин васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мақсади баргузории рӯзи саҳроӣ мазкур таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарвар, аз ҷумла технологияи кишт, дарёфти технологияи нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигаҳдорӣ, роҳҳои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо, инчунин ҳавасмандгардонии хочагидорон ва таъмини аҳолӣ бо картошкаи босифат ва тухмиҳои хушсифати ватанӣ мебошад.
Олимон ва мутахассисони соҳа дар мавзӯҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарварӣ, технологияи кишт ва парвариши картошка дар минтақаҳои куҳию доманакӯҳии Тоҷикистон, интихоби навъҳо, коркарди замин пеш аз кишт, риоя намудани агротехникаи парвариш, ғизодиҳӣ, обмонӣ, мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо, истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар парвариш ва корҳои механиконӣ дар парвариши картошка тавсияу дастурҳо пешниҳод намудаанд.

 

Дар рӯзи саҳроӣ иштирокчиён аз хоҷагиҳои картошкапарвари Пойгоҳи Лахши ноҳияи Лахш оид ба технологияи парвариши картошка дар шароити куҳию доманакӯҳӣ дидан намуданд.

Scroll to Top