Санаи 16 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсия-фестивал намоиши 3-юми байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гусфанди ҳисорӣ » баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ Амонулло Салимзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, олимону мутахассисон аз кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Ҷумҳурии исломии Эрон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, мутахассисону роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварии ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, таъкид кард, ки дар чунин сатҳ баргузории ҳамоиши илмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳқиқу омӯзиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ на танҳо таваҷҷуҳи олимони минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳониро низ ба худ ҷалб намудааст.
Ҳадафи баргузории конференсияи мазкур баррасии вазъ ва инъикоси масъалаҳои ҳалталаби гусфанди зоти ҳисорӣ ва беҳтар намудани сифатҳои ирсию маҳсулнокии он дар кишвар ва сатҳи ҷаҳонӣ буда, инчунин васеъ намудани ареали парвариш ва самаранок истифода бурдани он дар ба вуҷуд овардани зоту типҳои нави гӯсфандон яке аз мавзӯи аслии ин ҳамоиши илмӣ мебошад.
Дар интиҳо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки дар ин конференсия масъалаҳои матраҳ гардида, аксари муаммову мушкилоти ин зотро ҳалу фасл менамояд. Ҳамзамон дар оянда барои офариниши типҳои нав мусоидат менамояд.