Санаи 17 августи соли равон дар шаҳри Ҳисор доир ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қисми амалии Конференсия-фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Носирзода Ҷаббор, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.
Инчунин олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Белорусия ширкат варзиданд.
Сараввал иштироккунандагон аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.