ПАРЧАМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ.
«Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон.
Санаи 22 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши идона бо ҳузури олимону, собиқадорон ва намояндагони муассисаҳои илмии Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамзамон дар чорабинии танатанавӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдуев Меҳробназар иштирок намуданд.
Ҳамоишро Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи «Парчами миллӣ» самимона табрик намуда, қайд намуданд, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд.
Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ-арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.
Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».
Инчунин дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,олимони барҷаста, собиқадорон, ҳуқуқшиносон оид ба эҳтирому арҷгузорӣ ба парчам ва заминаҳои таърихи ҳуқуқии он суханронӣ намуда, ҷавононро ба эҳтироми миллат, давлату давлатдорӣ муқаддасоти милливу давлатӣ ва меҳандўстӣ ҳидоят намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Президенти Академия Салимзода А.Ф. бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори Рўзи «Парчами миллӣ» самимона табрик намуда, бо меҳру садоқат ба ватан таъкид намуданд, ки имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Бигузор Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад.
РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!