Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Баргузории мизи мудаввар дар АИКТ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 15-ноябри соли 2024 дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИКТ) дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Поягузори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” баргузор гардид.

 

 

 

 

 

Дар он президенти АИКТ, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва меҳмонон ширкат намуданд. Нахуст бо сухани муқаддимавӣ Амонулло Салимзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ зимни суханронӣ аз нақш ва самтҳои гуногуни фаъолият ва хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки: “Имрӯз ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ як рӯзи махсус аст. Ҳамасола тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

 

 

 

 

 

 

Дар чунин рӯз ба маврид аст аз мақому манзалати Сарвари давлат ёдовар шуд. Аз ҷумла, эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад”.
Сипас, академик, собиқ президенти Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толиб Набиев дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илми кишоварзӣ” таъкид дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Тоҷикистон дар давраи ҳассос ва вазъияти ноором кишварро роҳбарӣ менамуданд. Дар чунин вазъият ӯ таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи кишоварзӣ дошта, ба мардуми деҳқон замин ҷудо намуданд. Инчунин аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар пешрафти илми кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои олимони соҳа ибрози назар кард.

 

 

 

 

 

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ олимон ва мутахассисони муассисаҳои илмии Академия академик Давлатҷон Комилзода, Маҷид Салим, Мадина Шаҳобова, Парвина Сониева ва дигарон аз шуҳрати ҷаҳонии Пешвои миллат, таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кадрҳои ҷавон, аз хизматҳои бузурги Сарвари давлат дар барқарории сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, ояндабинӣ ҷиҳати рушду нумӯъ ва ободии Ватан, инчунин фароҳам овардани шароит барои мардуми кишвар ва пешоҳанги ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мардуми кишвар хуҷаста бод!
(15.11.2024) 

Scroll to Top