10 январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маҷлиси солонаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим Зоҳир, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир, сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назарзода, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони КАС Миралӣ Сафаров, роҳбарону кормандони муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои АИКТ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон ва магистрантон, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок доштанд.
Нахуст президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло аз натиҷаи фаъолияти солонаи муассисаҳои илмии Академия ҳисобот дода, барои фаъолияти АИКТ дар соли 2025 вазифагузорӣ намуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ академик Ҷалил Сафар, директори Институти зироаткорӣ Қосим Тоирзода директори Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ ва директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳ Хуршед Давлатов ба музокира баромада, ҳисоботи пезиденти АИКТ Амонулло Салимзодаро мусбат арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Зимни баромад сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим Зоҳир фаъолияти АИКТ-ро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ карда, пешниҳод карданд, ки муассисаҳои илмии Академияро зарур аст дар самти тайёр намудани олимони ҷавон, аспирантон, докторантон ва магистрантон ва докотори Рhd аз рўи ихтисос дар соли 2025 корро ҷоннок намуда, чораҳои зарурӣ андешанд.

Барои дастовардҳо дар рушди илми кишоварзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, инчунин барои заҳматҳои арзишманд ва саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ дар соли 2024, олимону мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо диплом, сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.